Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар робита ба ҳамлаи мусаллаҳона ба шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат хабари таъҷилӣ интишор намуд.
Дар ин хабар таъкид мешавад, ки ҳодисаи мазкур нисбати Умар Бобоҷонов ягон дахолат надорад. Гуфта мешавад, 4 сентябри соли 2015, соатҳои 04.28 дақиқа аз ҷониби гурӯҳи ҷинояткорон таҳти роҳбарии Абдуллоев Зиёвиддин ба Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат ҳуҷуми ногаҳонии яроқнок ба вуқӯъ пайваст, ки аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ зада гардонида шуд.
Зимнан зикр мегардад, ки дар натиҷа, Абдуллоев Зиёвиддин ва як ҳаммаслакаш нобуд карда шуда, се нафари дигари ин гурӯҳи ҷиноятпеша ярадор гардидаанд.
Қаблан як манбаъ аз сохторҳои қудратӣ ба «Азия-Плюс» дар мавриди ин ҳодиса хабар дода буд, ки пеш аз ҳамла ҷинояткорон пинҳонӣ ба қаламрави яке аз қисмҳои ҳарбии воқеъ дар гардиши фурудгоҳ ворид шуда, миқдори зиёди силоҳи оташфишон ва тирҳоро бо худ бурдаанд ва маҳз бо ҳамин силоҳ ба шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат ҳамла сурат гирифта, кормнадони милиса кушта шудаанд.
Айни замон тамоми кормандони сохторҳои қудратии кишвар дар ҳолати омодабош қарор дошта дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе тадбирҳои пурзӯри амниятӣ андешида шудаанд.
Аз манбаъҳои муътамад ба «Азия-Плюс» маълум шуд, ки шоми дирӯз сокини 23-солаи шаҳри Ваҳдат, донишҷӯи Донишгоҳи Санкт-Петербург Умар Бобоҷонов дар бемористон ҳалок шудааст. Рӯзи 28 август Бобоҷонов барои ришмонӣ ба шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат оварда шуда буд.
Рӯзи 29 август Умар Бобоҷонов бо ҷароҳатҳои сершумор аз шуъбаи милиса ба шуъбаи эҳёгарии бемористони маҳаллӣ мунтақил гардид. Наздикони Бобоҷонов изҳор доштанд, ки барои ришмониаш кормандони милиса ӯро бераҳмона лату кӯб кардаанд. Аз рӯи далели лату кӯби Умар Бобоҷонов дар прокуратураи шаҳр парвнадаи ҷиноӣ боз шуд.
Бо супориши вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимзода дар робита ба ин ҳодиса тафтиши хизматӣ оғоз гардида, таҳти раҳбарии яке аз муовинони вазир гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ташкил гардид.
Вазири корҳои дохилӣ ба ин гурӯҳ супориш дод, ки дар доираи тафтиши хизматӣ гунаҳкоронро муайян намуад, онҳоро ба ҷавобгарӣ кашанд ва ҳамчунин ваъда дод, ки дар бораи натиҷаҳои ин тафтиш ба ВАО маълумот хоҳад дод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста