Дар робита ба ҳодисаҳое, ки субҳи имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон ва шаҳри Ваҳдат ба вуқӯъ пайвастанду тибқи маълумоти пешакӣ дар ҷараёни онҳо 7 нафар кормандони милиса ва 2 нафар аз ҳамлагарон ҳалок шудаанд, тадбирҳои пурзӯи амниятӣ андешида шуданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратӣ дар ин робита иттилоъ дод, тамоми автомашинаҳое, ки ба шаҳри Душанбе ворид ё хориҷ мешаванд, аз ҷониби намояндагони мусаллаҳи сохторҳои интизомӣ дақиқан мавриди тафтишу кофтуков қарор мегиранд. Кӯчаҳои шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдатро дастаҳои кормандони милиса посбонӣ мекунанд.
Субҳи имрӯз ҳамаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар таъҷилан ба кор даъват шуда, мавзеъҳои хилвати Душанберо аз назар мегузаронанд.
То ин замон ВКД Тоҷикистон ба ҷуз интишори маълумоти расмӣ дар бораи ҳодисаи ҳамла ба Шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат дар сомонаи вазорат, дигар оид ба ин ҳодисаҳо хомӯширо ихтиёр намудааст.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти хабаргузории «Озодагон» , Маҳмадсаид Бобоҷонов, падари Умар Бобоҷонов гуфтааст, наздикони онҳо ба ин ҳамла ҳеч рабте надоранд: «Ҳамаи хешу таборон дар назди ман дар беморхона қарор доранд. Писарам ҳоло ҳам дар ҳолати беҳушӣ аст».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста