Рӯзи 6 сентябр дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои махсус аз ҷониби кормандони ВКД дар якҷоягӣ бо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 4 нафар аъзоёни гурӯҳи ҷиноятпешаи Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷи Ҳалим) дар рафти муқовимати мусаллаҳона безарар гардонида шуданд.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ҳамчунин, 7 нафар аъзоёни ин гурӯҳ дастгир гардида, миқдори зиёди яроқу аслиҳа, аз ҷумла 18 автомати «АКМ», 50 тирдон ва миқдори зиёди тир дарёфт ва мусодира карда шуд.
«Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амниятии миллии ҷумҳурӣ ба шаҳрвандон, барои ҳамкорӣ ва расонидани кӯмак дар несту нобуд гардонидани гурӯҳи ҷиноятпешаи Назарзода А.М. миннатдории худро изҳор менамоянд», - омадааст дар хабари интишоршуда дар сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҶТ.
ВКД Тоҷикистон қаблан дар ин робита иттилоъ дода буд, ки аз рӯзи 4 сентябр амалиётҳои якҷояи ВКД, КДАМ, ВМ ва дигар сохторҳои қудратӣ идома доранд. Дар натиҷа 32 нафар аъзоёни гурӯҳи ҷинояткории Назарзода А.М. дастгир гардида, 13 нафарашон безарар гардонида шуда, аз ин гурӯҳ зиёда аз 500 яроқу аслиҳаи ҷангӣ мусодира карда шуд. Инчунин якчанд махфигоҳи яроқу аслиҳа ва автомашинаҳои тамғаҳои гуногуни «ҶИП» ва «Седан» дарёфт карда шуд.
Худи Назарзода Абдуҳалим бо ҳамроҳии 7-8 нафар ҳаммаслаконаш дуртар аз шаҳри Душанбе ба масофаи 150 километр дар дараи Ромит пинҳон гаштааст. Гирду атрофи ин минтақа пурра ба иҳота гирифта шуда, амалиётҳо барои дастгир ва безарар гардонидани онҳо идома дорад.
Бародари Назарзода А.М., Назаров Мирзоҳаёт Мирзоевич, соли таваллудаш 1972, ихтиёран худаш аз ин гурӯҳ ҷудо шуда, ба ВКД ҳозир шуд. Тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ идома дорад. Ҳангоми ин амали ҷинояткорона 9 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳалокат расида, 6 нафар ҷароҳати сабуки ҷисмонӣ бардоштаанд.
Гуфта мешавад, амалиётҳои якҷояи сохторҳои қудратии кишвар дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат оиди безарар гардонидани аъзоёни гурӯҳи террористии Назарзода А.М. идома доранд.
Акс аз радиои Озодӣ




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста