Имрӯз, 7 сентябр дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои махсус дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат аз ҷониби кормандони ВКД, КДАМ, дигар сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ва Прокуратураи генералӣ боз 14 нафар аъзои гурӯҳи ҷиноятпешаи Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷӣ Ҳалим) дастгир гардиданд.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ҳангоми азназаргузаронии ҷойи ҳодиса миқдори зиёди яроқу аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ аз он ҷумла, 6 адад автомати Калашников, 2 адад ПК, 1 адад СВД, 1 адад РПГ-7В ва миқдори зиёди тирҳои гуногун, тирдон ва норинҷакҳо дарёфт ва мусодира карда шуд.
«Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ барои ҳамкории фаъолона ва расонидани кӯмак барои дастгир намудан ва несту нобуд гардонидани гурӯҳи ҷиноятпешаи Назарзода А.М. миннатдории худро изҳор менамоянд», - омадааст дар хабари интишоршуда дар сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ.
Зимнан ба мардуми Тоҷикистон муроҷиат карда мешавад, ки тинҷию оромии ҷомеаи Точикистон аз ҳамкории дуҷониба вобастагии калон дорад ва касоне, ки яроқу аслиҳа ва дигар лавозимоти ҷангиро муайян намуда, ихтиёран ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ месупоранд ё хабар медиҳанд аз ҷавобгарӣ озод буда, барои дастгир намудани аъзоёни гурӯҳи ҷинояткор мусоидат менамоянд, мукофотонида мешаванд.
Гуфта мешавад, амалиётҳои якҷояи сохторҳои қудратии кишвар дар дараи Ромити ноҳияи Ваҳдат оиди безарар гардонидани аъзоёни гурӯҳи террористии Назарзода А.М. идома дорад.
Қаблан иттилоъ дода будем, ки рӯзи 6 сентябр дар натиҷаи гузаронидани амалиётҳои махсус аз ҷониби кормандони ВКД дар якҷоягӣ бо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 4 нафар аъзоёни гурӯҳи ҷиноятпешаи Назарзода Абдуҳалим Мирзо (Ҳоҷи Ҳалим) дар рафти муқовимати мусаллаҳона безарар гардонида шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста