Дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 24-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ, генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро изҳор намуд, ки ба хотири таҳкими амнияту оромии шаҳрвандон, мубориза бо дастаҳои муташаккили ҷинояткор ва гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, инчунин рафъи хатару таҳдидҳои душманони миллат беш аз 2 ҳазор нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ҷони худро аз даст доданд, ки хотираи неки онҳо ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.
Зимни суханронӣ вазири корҳои дохилӣ аз ҳуҷуми мусаллаҳонаи гурӯҳи ҷиноятпешаи собиқ муовини вазири мудофиа Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) ёдовар шуда, қайд кард, ки бар асари ин ҳамла якчанд нафар кормандони милитсия ҳалок ва захмӣ гардиданд. «Ин амал хиёнат ба давлату миллат, мардуми тараққихоҳи кишвар ва ватани ободу зебо мебошад», - гуфт ӯ ва ба хешону наздикони кормандони милисаи ҳалокшуда изҳори тасаллият кард.
Дар анҷоми чорабинӣ котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров аз номи президенти мамлакат ба чанде аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мукофотҳои давлатӣ супурд. Бо фармони Президенти кишвар се нафар кормандони милитсия соҳиби рутбаи баланди генералӣ ва 31-нафар бо ордену медалҳо қадршиносӣ гардиданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста