Дар нишасти имрӯзаи сарони кишварҳои узви СААД дар Душанбе президенти Русия Владимир Путин изҳор дошт, ки дар мубориза бо таҷовузи террористӣ Русия ҳукумати Сурияро имрӯз ва минбаъд низ дастгирӣ мекунад.
«Дигар давлатҳоро ҳам даъват мекунем, ки ба мо ҳамроҳ шаванд», - гуфт Путин ва қайд кард, ки «бидуни иштироки фаъолонаи ҳукумати Сурия ва низомиёну артиши ин кишвар ғалаба бар террористон ғайриимкон аст».
Президенти Русия таъкид дошт, ки вазъ дар Сурия «хеле ҷиддӣ» аст. «Ба истилоҳ Давлати исломӣ қисмати назарраси Сурияро таҳти назорат дорад. Ин барои мо хеле ташвишоовар аст, гузашта аз ин, дар сафҳои Давлати исломӣ ҷангиёни бисёр кишварҳо, аз ҷумла Русия ва собиқ кишварҳои шӯравӣ аз нигоҳи идеологиву омодагии ҷангӣ таълим мегиранд ва аз имкони бозгашти онҳо ба қаламрави кишвар нигаронем», - иброз дошт ӯ.
Путин пешниҳод кард, ки «ҷоҳталабиҳои сиёсӣ як сӯ гузошта шуда», эътилоф ташкил карда шавад, ки «бояд ҳамаро, ки воқеъан ҳам ба мубориза бо терроризм саҳм гузоштанианд, муттаҳид намояд».
Сарвари давлати Русия иттиҳомот алайҳи кишвараш дар робита ба он, ки иштироки Маскав дар корҳои Сурия ба афзоши гурезагон ба Аврупо боис шудааст, беасос хонд.
«Мардум аз Сурия пеш аз ҳама аз амалиёти низомӣ фирор мекунад, ки бештар аз хориҷа тариқи таъмин бо силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва техникаи махсус таҳмил шудаааст. Одамон аз ваҳшонияти террористон мегурезанд, мо огаҳем, ки онҳо дар он ҷо чӣ гуна ваҳшониятҳое содир карда истодаанд, мероси фарҳангиро нобуд мекунанд. Агар Русия Сурияро дастгирӣ намекард, вазъ дар ин кишвар бадтар аз Либия ва шумори гурезагон низ бамаротиб бештар мешуд», - чунин мешуморад Путин.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста