Гурӯҳи кории Созмони Милали Муттаҳид оид ба бедаракшавии зӯроварона ва ғайриихтиёрӣ (WGEID) дар ҷараёни иҷлосияи навбатии худ дар Женева ин вазъ дар Тоҷикистон баррасӣ кард. Дар ин бора Радиои СММ хабар медиҳад.
Зимни иҷлосияи мазкур коршиносон таъҷилан 64 ҳодисаи бедаракшавӣ тӯли чанд моҳи ахир дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Миср, Чин, Сурия ва Аморати Муттаҳидаи Араб ва ҳамчунин боз 380 чунин ҳолатҳои рухдода дар як қатор кишварҳо бо шумули Тоҷикистон, Украина ва Ӯзбекистонро баррасӣ карданд.
Роҳбари гурӯҳи корӣ Ариел Дуритский қайд кардааст, ки баъзе кишварҳо ин ҳодисаҳоро масъалаи афзалиятнок намешуморанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки ҳамарӯза оид ба масоили марбут ба бедаракшавии одамон ба СММ дархостҳо ворид мешаванд. «Дар аксари давлатҳо нисбат ба одамони гумшуда, доир ба шумори телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ) маълумот хеле бештар аст», - иброз доштааст ӯ.
Роҳбари гурӯҳ аз ҳукуматҳои ин кишварҳо даъват кардааст, ки ин мушкилотро эътироф намуда, ба гирдоварии маълумоти бештар муътамаду саҳех дар бораи миқёси фарогирии чунин ҳодисаҳо машғул шаванд.
Гурӯҳи кории СММ оид ба бедаракшавии зӯроварона ва ғайриихтиёрӣ (WGEID) бо қарори Комиссияи ҳуқуқи башари СММ соли 1980 таъсис дода шуда, ба хешовандону наздикони шахсони бедаракшуда дар пайдо кардани макони будубош ва ошкор кардани тақдири онҳо мусоидат мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста