- Кумитаи иҷроияи Сохтори зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дастгириаш ба тадбирҳои зиддитерористии доиргардида дар Тоҷикистонро изҳор менамояд, - гуфта мешавад дар иттилои рӯзи душанбе интишоршудаи хадамоти матбуоти ин сохтори СҲШ.
«Кумитаи иҷроияи Сохтори зиддитеррористии СҲШ аз чорабиниҳои зиддитеррористии доиргардида аз ҷониби мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон, ки ба таъмини сулҳу субот дар кишвар равона гардида буданд, ҳимоят карда, ба тақвияти ҳамоҳангсозии амалҳои муштараки мақомоти салоҳиятдори кишварҳои узви СҲШ дар мубориза бо терроризму ҷудоиандозӣ ва ифротгароӣ омодагӣ изҳор мекунад», - зикр мегардад дар хабар.
Гуфта мешавад, нимаи ҳафтаи гузашта ВКД ва КДАМ Тоҷикистон дар бораи анҷоми амалиёти махсус алайҳи гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпешаи генерали ошӯбгар Абдуҳалим Назардода хабар доданд. Тибқи маълумоти ахир, дар ҷараёни амалиёт 27 аъзои гурӯҳи террористӣ кушта ва 130 нафари онҳо боздошт шуданд.
Қобили зикр аст, ки давлатҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аъзои СҲШ буда, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Муғулистон ва Покистон кишварҳои нозири Созмон ва Беларусу Шри-Ланка ва Туркия шарикон оид ба муколама дар Созмони ҳамкории Шанхай мебошанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста