Дар шаҳри Қундузи, воқеъ дар қисмати шимолии Афғонистон артиши ин кишвар бо бо ҷангиёни гурӯҳи Толибон дар набард аст.
Бино ба маълумоти хабаргузории Интерфакс бо такя ба маълумоти мақомоти пулиси маҳаллӣ, ин ҳамла шаби рӯзи душанбе аз якчанд самт сурат гирифта, айни замон дар бораи ҳалокати 20 тан аз ҷангиёни иттилоъ дода мешавад. Миёни нерӯҳои ҳукумат низ талафот ҷой дорад. Дар якчанд мавзеъҳо даргириҳо то ҳол идома доранд.
Хабаргузории Reuters бо истинод ба маълумоти Забеҳулло Муҷоҳид, намояндаи Толибон дар Twitter дар ин робита менависад, ҷангиёни ҳаракати «Толибон» дар бораи ба ихтиёри худ гирифтани госпитал бо 200 кат дар шаҳри Қундуз хабар додаанд.
Гуфта мешавад, агар ҷангиён яке аз даромадгоҳҳои шаҳрро ба ихтиёри худ гиранд, назорати он аз ҷониби нерӯҳои ҳукумат хеле мушкил мегардад. Дар музофоти Қундуз роҳҳои аз нигоҳи стратегӣ муҳими Афғонистон ба ҳам меоянд.
Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», дар вилояти Нангарҳори Афғонистон беш аз 300 нафар силоҳбадаст ба дидбонгоҳҳои кормандони моқомоти полис ҳамла карда , дар натиҷаи даргирии мусаллаҳона миёни ҳамлагарон ва кормандони воҳидҳои низомӣ 35 нафар мухолифи мусаллаҳ безарар гардонида шуд.
Ҳамчунин бар асари таркиш дар варзишгоҳи вилояти Пактикои Афғонистон 10 нафар ҷон бохта, ҳамчунин зиёда аз 30 кас захмӣ гардид.




Ҷузъиёти боло бурдани нархи истифодаи барқ. Барои кӣ ва чӣ қадар қимат мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 январи соли 2026
Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста