Имрӯз бо иштироки вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшо Қурбоналӣ ва ҳайати шахсии Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилоят бинои нави маъмурии назди РВКД дар вилояти Хатлон ба истифода дода шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, нахуст вазир ва раиси вилоят дар назди муҷассамаи Поси хотири онҳое, ки ба савганди худ содиқ буданд, гулчанбар гузошта, хотираи шаҳидони ҳангоми адои хизмат фавтидаро пос доштанд.
Сипас Рамазон Раҳимзода дар саҳни бино бо ҳайати шахсии РВКД дар вилояти Хатлон хамсӯҳбат шуда, зикр кард, ки бо дастгирию ғамхориҳои Сарвари давлат ва ҳукумати кишвар шароитҳои хизматии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ сол аз сол беҳтар гардида истодаанд.
Гуфта мешавад, ин бинои нави иловагӣ, ки аз се ошёна иборат буда, бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардидааст, барои пешбурди хизмат ва боз ҳам беҳтар гардонидани шароити хизматии кормандони милитсия мусоидат менамояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста