Нерӯҳои махсуси Афғонистон субҳи имрӯз шаҳри Қундузро аз тасарруфти ҷангиёни ҳаракати «Толибон» озод карданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ВКД Афғонистон иттилоъ медиҳад.
«Шаҳр озод шуда, амалиёти поксозӣ аз террористон идома дорад. Душман талафоти зиёд дид»,-изҳор доштааст намояндаи ВКД Сиддиқ Сиддиқӣ.
Саидсарвар Ҳусайнӣ, сухангӯи пулиси Қундуз дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ карда ва гуфтааст, ҳоло даргириҳои ҷудогона дар канораҳои шаҳр идома дорад, аммо ба сурати умум маконҳои муҳими ин шаҳр аз гурӯҳи Толибон озод шудааст.
Қобили зикр аст, ки рӯзи 28 сентябр ҷангиёни ҳаракати Толибон маркази маъмурии вилояти Қундуз-шаҳри Қундузро таҳти назорат гирифта, рӯзи 29 сентябр нерӯҳои давлати Афғонистон амалиёти озодкунии шаҳр аз тасрруфи толибонро оғоз намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста