Зимни вохӯрӣ бо президенти Русия Владимир Путин рӯзи 6 октябр дар шаҳри Сочи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштааст, ки дар тӯли 60%-и марзи Тоҷикистону Афғонистон ҷангҳо ҷараён доранд.
«Вазъ дар Афғонистон рӯз то рӯз бадтар мешавад. Қариб дар тӯли беш аз 60%-и марз, дар муқобили ҷониби Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсарҳад амалиёти низомӣ ҷараён дорад. Ин вазъ барои мо хеле нигаронкунанда аст, аз ин рӯ, мехостам зимни вохӯрии имрӯзаамон маҳз масъалаи таъмини амният дар минтақаро баррасӣ кунем», - иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти президенти Русия бо такя ба суханони Эмомалӣ Раҳмон.
Дар навбати худ Владимир Путин қайд кардааст, ки аз вазъ дар минтақаи Осиёи Марказӣ Русия нигарон аст. «Гуфтушунид оид ба масоили муносибатҳои дуҷониба ва вазъ дар минтақа, ки бешубҳа боиси нигаронии мост, зарур аст», - гуфтааст президенти Русия.
Гуфта мешавад, ҳамчунин президенти Русия Эмомалӣ Раҳмонро бо зодрӯзаш низ табрику таҳният гуфтааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста