Аз Вазорати мудофиаи Русия ба хабаргузории «Интерфакс» итттилоъ додаанд, ки имконоти ҷангии пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон бо авиатсияи чархболҳо пурзӯр карда мешавад.
Намояндаи расмии Ҳавзаи ҳарбии марказӣ полковник Ярослав Рошупкин рӯзи 7 сентябр дар ин робита изҳор доштааст, ки Русия ба пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон чархболҳои навъи Ми-24П ва Ми-8МТВ интиқол медиҳад.
«Гуруҳи авиатсионии ташкилшуда дар ноҳияи Ҳисори Тоҷикистон, фурудгоҳи Айнӣ, 30 километр дуртар аз Душанбе ҷойгир хоҳад шуд. Ба ҳайати ин гурӯҳ чарболҳои зарбазани Ми-24П ва чархболҳои нақлиётиу ҷангии Ми-8МТВ дохиланд», - гуфтааст ӯ.
Ба гуфтаи Рошупкин, ин чархболҳо ба ҳамлу нақли бору маҳсулот, таъмини ҳимояи қатораҳои воҳидҳои низомӣ, партоби десант, гузоштани монеъаҳои минаву таркишот, ба ҷойи бехавф кӯчонидани беморону маҷрӯҳон ва иктишофи муҳандисиву ҳавоии маҳал машғул хоҳанд шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста