- Ба сафҳои сарфармондеҳони Давлати исломии Ироқу Шом (ДИИШ) ва Ҷабҳаи «Ан-Нусра» чеченҳо аз Русия ва ҷангиён аз Осиёи Марказӣ (ОМ) шомиланд, - хабар медиҳад Радиои СММ бо истинод ба гузориш дар бораи ҷангиён-террористҳои хориҷӣ. Гузориш аз ҷониби Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти СММ омода шудааст.
Ба номгӯи гурӯҳҳои марбут ба «Ал-Қоида» СММ се созмони терористӣ аз минтақаи Осиёи Марказӣ - «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Гурӯҳ (ё Иттифоқ)-и ҷиҳоди исломӣ» ва «Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ»-ро дохил кардааст.
Баҳори соли 2015 «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» ба Давлати исломии Ироқу Шом савганди садоқат ёд кард.
Қайд мешавад, ки аксари ҷангиён-террористони хориҷӣ аз Осиёи Марказӣ тариқи Туркия ба Сурия рафта, қисми дигар бо убури марзҳои начандон пурзӯр посбонимешудаи Афғонистону Покистон дар урдугоҳҳои таълимии Вазиристони Шимолӣ аз давраи омӯзишиву омодагӣ мегузаранд.
Дар гузориш зикр мегардад, ки ҷалби ҷангиён-террористони хориҷӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аслан кори дасти «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон буда, ахиран бештар муҳоҷирону занон ба доми онҳо меафтанд.
Бино ба маълумоти як қатор кишварҳо, шаҳрвандони онҳо ба қаламрави таҳти назорати ДИИШ қарордошта рафта, дар он ҷо бо оилаҳояшон сукунат мекунанд.
Ҳамчунин гуфта мешавад, дар минтақаҳои низоъ 30 ҳазор нафар ҷангиён-террористони хориҷии беш аз 100 кишвар ҳузур дошта, вақтҳои охир шумори онҳо меафзояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста