Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ҳамроҳ ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон кумак мекунанд. Дар ин бора хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад.
«Мо дар бораи роҳандозии маҷмӯи тадбирҳои муштарак тавофуқ ҳосил кардем. Марзи Озарбойҷону Арманистон ва иқдомоти сиёсӣ дар ин самт зикр шуд, ки бояд имкони истифода нерӯ дар он ҷоро ғайриимкон сохта, танзими ин низоъи хеле кӯҳна, вале хеле ҳассосро ба раванди воқеъии сиёсӣ раҳнамун созанд», - иброз доштааст дабири кулли СААД Николай Бордюжа рӯзи душанбе дар ҷаласаи Шӯрои доимии СААД оид ба натиҷаҳои гуфтушунид бо дабири кулии САҲА Ламберто Занйер.
Хабаргузории «Интерфакс» бо такя ба гуфтаҳои Н.Бордюжа дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки СААД ва САҲА дар масъалаи кори муштарак дар танзими мухолифат дар Қарабоғи Кӯҳӣ низ ба мувофиқа расидаанд.
«Мо сари масъалаи чӣ гуна истифода кардани имконоти САҲА дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, бахусус дар амалиёте, ки айни замон Нерӯҳои дастаҷамъонаи зудамал дар марзи Тоҷикистону Афғонистон муваффақона амалӣ месозанд, андеша хоҳем кард. Илова бар ин, албатта ҷиҳати кумак ба Тоҷикистон дар таҳкими марз бо Афғонистон ҷиддӣ машғул шуда, кӯшишҳои муштарак ба харҷ хоҳем дод», - қайд кардааст Бордюжа.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста