Дар зарфи 9 моҳи соли равон дар марзи Тоҷикистону Афғонистон 19 задухӯрди мусаллаҳона бо қочоқбарони афғон сурат гирифта, дар рафти онҳо 10 қочоқчӣ аз ҳисоби шаҳрвандони ҶИА ва 6 нафар аз ҳисоби шаҳрвандони ҶТ ҳалок ва аз ҳисоби қочоқчиёни афғон 2 нафар захмӣ шуданд.
Бино ба маълумоти Маркази матбуоти Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти хизмати-ҳарбии нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ дар нӯҳ моҳи соли 2015 дар ин бора маълумот дода шуд.
Дар ин давра 165 нафар вайронкунандагони сарҳади давлатӣ боздошт гардиданд, ки аз ин ҳисоб шаҳрвандони Афғонистон - 31 нафар, Қирғизистон - 6 нафар, Тоҷикистон - 109 нафар, Ӯзбекистон - 9 нафар, Чин - 2 нафар ва Русия - 8 нафар мебошанд.
Тӯли 9 моҳи соли ҷорӣ дар хатти сарҳад беш аз 1 тонна маводи мухаддир, 20 адад аслиҳаи оташфишон ва муҳимоти ҷангӣ мусодира шудааст.
Фармондеҳи нерӯҳои марзбонии ҷумҳурӣ генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба роҳбарони Раёсатҳо ва командирони қисмҳои ҳарбӣ оид ба саривақт иҷро намудани чорабиниҳои тарҳрезишуда, ҳамчунин оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва мустаҳкамии назорати сарҳад, инчунин масъалаҳои омодагӣ ба зимистонгузаронӣ ва таъмини ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣи супоришҳои мушаххас додааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста