Нимаи ҳафтаи равон дар шаҳри Ереван ҷаласаи ҳабдаҳуми Шӯрои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти салоҳиятдор оид ба муқовимат ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовари кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баргузор гардид, ки Тоҷикистонро дар он директори Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода намояндагӣ кард.
Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, дар рафти ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар нимсолаи дуюми соли 2015, масъалаҳои ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди таҳдидҳои вобаста ба маводи нашъаовар муҳокима гардида, пешниҳодҳои мақомоти салоҳиятдори кишварҳои аъзои СААД оид ба коркарди мавқеи муттаҳида дар арафаи Сессияи махсуси Ассамблеяи генералии СММ оид ба масъалаҳои маводи нашъаовар дар ҷаҳон дар соли 2016 баррасӣ шуданд.
Гуфта мешавад, ба рӯзномаи ҷаласа инчунин масъалаҳои интихоби котиби Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва банақшагирии чорабиниҳои асосии Шӯро барои солҳои 2016-2017 дохил карда шуданд.
Зимнан зикр мегардад, ки Рустам Назарзода зимни суханронӣ ба иштирокчиёни Шӯрои Ҳамоҳангсозӣ оиди натиҷаҳои амалиёти “Гром-2015”, ки аз 24 август то 3 сентябри соли 2015 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда гузашт, маълумот дода, инчунин доир ба масъалаҳои гузаронидани чорабиниҳои «интиқоли назоратшаванда» сухан гуфт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста