- Русия назорат дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро барқарор карда метавонад, - гуфтааст дар мусоҳиба ба Reuters муовини вазири мудофиаи Русия Юрий Борисов, ки ҳамроҳ бо президенти ин кишвар Владимир Путин ба Остона омадааст.
Ба қавли Юрий Борисов, Русия аз тақвияти фаъолияти ҷангиёни исломӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ нигарон буда, баъди даҳ сол метавонад ба посбонии марзи Тоҷикистону Афғонистон баргардад.
Дар посух ба савол дар бораи омода будани Русия ба бозгашт барои посбонии марзи Тоҷикистону Афғонистон, муовини вазири мудофиаи Русия изҳор доштааст: «Аз эҳтимол дур намедонам. Тавре шумо огоҳед, мо дар он ҷо пойгоҳ дорем. Ҳамаашро сарварони давлатҳои мо баррасӣ карда, ҳаллу фасл мекунанд», - иброз доштааст ӯ.
Марзбонони рус сарҳад дар Тоҷикистонро посбонӣ мекарданд, вале соли 2005 тибқи як тавофуқ бо Душанбе, марзҳои Тоҷикистону Афғонистонро тарк карданд.
Дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии 201-уми Русия мустақар аст, ки бузургтарин дар хориҷ аз Русия мебошад. Соли 2013 Душанбе муҳлати ҳузури ин пойгоҳро то соли 2042 дароз кард.
Ҳафтаи гузашта ВАО иттилоъ доданд, ки Маскав ба Тоҷикистон якчанд чархболҳои ҷангӣ интиқол додааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста