Бо иштироки вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар шафати бинои Вазорат барои сохтмони бинои нави Воҳиди махсуси ВКД оид ба таъмини бехатарӣ ва амният дар самтҳои ҳаракати президент ва меҳмонони олиқадр санги асос гузошта шуд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, бинои нави замонавӣ аз нуҳ ошёна иборат буда, бо тамоми шароити мусоид, аз қабили қисми навбатдорӣ, утоқҳои корӣ, ошхона, толори маҷлисгоҳ, толори қабули меҳмонон ва дигар шароитҳои маишӣ таъмин хоҳад буд.
Зимни боздид аз маҳалли сохтмон ва корҳои созандагӣ Рамазон Раҳимзода ба масъулин ҷиҳати босифат ва дар мӯҳлати муайян сохта ба истифода додани бинои нави Воҳиди махсуси ВКД дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Гуфта мешавад, ҳамчунин вазир аз корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар Маҷмааи варзишии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилӣ боздид ба амал оварда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳо ба шахсони масъул супоришҳои мушаххас дод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста