Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёти «Шаҳри бехатар»-и ВКД Тоҷикистон аз оғози фаъолияташ дар моҳи ноябри соли 2013 то 1 октябри соли равон ба қисмати даромади буҷети давлатии кишвар беш аз 50 млн. сомонӣ маблағ ворид намуд, ки ба сифати ҷарима аз ронандагони воситаҳои нақлиёт ситонида шуданд.
Зимни суханронӣ дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон сардори Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон Маҳмадсаид Саидзода дар ин робита изҳор намуд, ки ин лоиҳа бо қарзи Чин дар ҳаҷми 22 млн. доллари ИМА дар пойтахти ҷумҳурӣ роҳандозӣ шуд.
Зимни шарҳи тағйироту илова ба қонун «Дар бораи боҷи давлатӣ» М.Саидзода қайд кард, ки бинобар сабаби додани ваколатномаҳои сершумору аксаран нофаҳмову сарпеч, ки тариқи он якчанд нафар ба фурӯши автомобил ҳуқуқ пайдо мекунанд, бисёр вақт соҳиби ҳақиқии воситаи нақлиётро муайян кардан хеле душвор аст.
«Масалан, айни замон мақомоти БДА ВКД Тоҷикистон наздики 5 ҳазор вайронкунандагони ҳақиқии қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дарёфт карда наметавонанд, ки маблағи умумии ҷаримаи онҳо ҳудуди 1 млн. сомониро ташкил медиҳад», - гуфт номбурда.
Ӯ аз вакилон дархост кард, ки тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумат ба ин қонун пешниҳодшударо, ки мутобиқи он минбаъд маблағи боҷи давлатӣ ба додани ваколатнома барои ҳуқуқи хариду фурӯши автомобил ба шахси сеюм ба ивази 80 сомонии имрӯза 600 сомониро ташкил медиҳад, дастгирӣ намоянд.
Ғайр аз ин, вакилон имрӯз тағйироту илова ба қонун «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»-ро низ ҷонибдорӣ карданд, ки мутобиқи он корманди БДА ба бурдани воситаҳои нақлиёт ба ҷаримагоҳ, ки сари чамбаракаш ронандагон бо ваколатномаҳои муҳлаташ гузашта ба идораи автомобил нишастаанд, ҳуқуқ пайдо мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста