- Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия як зодаи Тоҷикистонро боздошт намуданд, ки роҳбари яке аз бахшҳои созмони байнулмилалии террористии «Ҳизб-ут-Таҳрир ал-Исломӣ» дар шаҳри Маскав будаст, - хабар дода мешавад дар сомонаи расмии ВКД Русия.
«Зимни як амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони ВКД дар ҳамдастӣ бо Хадамоти федералии амнияти Русия яке аз узви фаъоли созмони байнулмилалии террористии «Ҳизб-ут-Таҳрир ар-Исломӣ»-ро боздошт намуданд, ки дар қаламрави шаҳри Маскав ва гирду атрофи он амал мекард», - иттилоъ додааст намояндаи расмии ВКД Русия Елена Алексеева ва қайд кардааст, ки зодаи Тоҷикистон ҳангоми боздошт ба кормандлони пулис фаъолона муқовимат нишон додааст.
Муайян карда шудааст, ки боздоштшуда роҳбари яке аз бахшҳои созмони террористии фаъолияташ мамнӯъ дар Русия буда, фаъолона аъзои навро ба ин созмон ҷалб мекардааст ва афкори исломи тундгароро таблиғ намуда, варақаҳоеро паҳн мекардааст, ки дар онҳо муқовимат ба ҳукумати кунунӣ ва ҳамчунин маълумоти бардурӯғ дар бораи амалҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дарҷ ёфта будаанд.
«Боздошт шуда ба сохтори «Ҳизб-ут-Таҳрир ал-Исломӣ» дар Маскав бевосита муносибат дошта, нисбати он 19 октябри соли равон аз ҷониби кормандони ВКД амалиёти бузургмиқёс гузаронида шуд. Дар ҷараёни он 22 нафар аъзои фаъоли созмони байнулмилалии террористӣ, аз ҷумла роҳбарони бахшҳо ба ҳабс гирифта шуданд», - қайд мекунанд дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 20 октябр ВАО-и Русия иттилоъ доданд , ки суди Мешанскии шаҳри Маскав шаҳрванди Тоҷикистон Суҳроб Ироновро ба гумони робита доштан бо созмони террористии «Ҳизб-ут-Таҳрир», ки фаъолияташ дар қаламрави Русия манъ аст, ба ҳабс гирифт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста