Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 28 октябр дар қароргоҳи Ново-Огарёвои вилояти Маскав бо роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои узви ИДМ дидору гуфтугӯ кард. Дар ин бора хадамоти матбуоти Кремл хабар медиҳад.
Зимни мулоқот президенти Русия изҳор доштааст, ки яккаву танҳо ҳеҷ кас бо терроризм мубориза бурдан наметавонад ва барои ин самаранокии фаъолиятро баланд бардошта, ба ҳамоҳангсозӣ тақвият бахшидан зарур аст.
«Таҳдидҳо ба кишварҳои мо кам намешаванд ва ҳатто метавон гуфт, ки ин мушкилот торафт шиддат мегирад. Дар қатори таҳдидҳои маъмулӣ наваш ҳам зам мешавад», - иброз доштааст Путин.
Ӯ қайд кардааст, ки «вазъ дар Афғонистон ва Шарқи Наздик хуб нест. «Дар дохили кишварҳоямон низ мушкилот басанда аст, ки ҳаллашон аз ҷониби шумо зарур мебошад», - таъкид доштааст сарвари давлати Русия.
Путин бар ин назар аст, ки «имрӯз ҳеҷ касе яккаву танҳо бо ҷинояткории созмонёфта ва терроризм пурсамар мубориза карда наметавонад. «Ин ки шумо гирдиҳам меоед, мушкилоти умумиро баррасӣ мекунед, роҳу воситаҳои ҳалли онҳоро меҷӯед ва кори худро ҳамоҳанг месозед, бидуни шубҳа ин хеле муҳим аст», - гуфтааст ӯ.
«Табиист, ки шаҳрвандони кишварҳои мо беҳбуди самаранокии фаъолият ва тақвияти ҳамоҳангсозӣ дар самтҳои муҳимтарини корро аз шумо интизорӣ доранд», - афзудааст ӯ.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти президенти Русия, дар ин вохӯрӣ ҷанбаҳои калидии фаъолияти зиддитеррористӣ дар қаламрави ИДМ ва масоили муқовимат бо созмонҳои террористӣ баррасӣ шудаанд.
Тоҷикистонро дар ин вохӯрӣ раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ Саймӯмин Ятимов намояндагӣ кардааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста