Дар чаҳорчӯби татбиқи лоиҳаи «Амаланамоии назорати сарҳадӣ дар Тоҷикистон - бартараф кардани гардиши ғайриқонунии маводи ядроӣ ва радиоактивӣ» дидбонгоҳҳои гумрукии «Панҷи-поён», «Дӯстӣ», «Фотеҳобод», «Нов», «Конибодом», «Пахтобод» бо таҷҳизоти техникӣ муҷҷаҳаз гардонида шуданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, инчунин Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук бо дастгоҳҳои назорати радиатсионӣ таъмин гардида,ҳамчунин 40 - пейҷер барои пешгирӣ кардани қочоқи ғайриқонунии маводи радиоактивӣ ва 13 дозиметр-радиометр барои маҳдудкунии онҳо дастрас гардидааст.
Гуфта мешавад, арзиши умумии лоиҳа бо назардошти дастраскунӣ, интиқол (ҳамлу нақл), ҷо ба ҷокунӣ, бакорандозию танзим ва омӯзиш 1,5 миллион Евроро ташкил медиҳад.
Зимнан зикр мегардад, ки дар солҳои охир терроризм бо истифодаи маводи ядроӣ ва радиатсионӣ нооромии бештарро ба амал овардааст. Террористон ҳамчунин метавонанд аз «бомбаҳои чиркин» истифода баранд, яъне бомбаҳое, ки аз партовҳо (мавод)-и дорои радиактивҳои баланд иборатанд ва имкон дорад тавассути истифодаи онҳо мавзеъҳои калон заҳролуд гарданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста