Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба садамаи ҳавопаймои як ширкати Русия, ки бар асари он 224 нафар ҳалок шуданд, ба президенти Русия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зикр мегардад, ки «хабари садамаи мудҳиши ҳавопаймои мусофирбар дар нимҷазираи Синай, ки боиси марги беш аз дусад нафар одамон, аз ҷумла кӯдакон гардид, моро ба изтироб овард».
«Дар ин соатҳои ҳазин, аз номи тамоми мардуми Тоҷикистон дар робита ба ин фоҷеа ба роҳбарият ва халқи дӯсти Русия тасаллияти амиқ баён намуда, хоҳишмандам ҳамдардии моро ба пайвандону наздикони ҳалокшудагон расонед», - омадааст дар барқия.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 31 октябр ҳавопаймои Airbus A-321-и ширкати "Когалымавиа зимни парвоз аз шаҳри Шарм-ул-Шайх сӯи шаҳри Санкт-Петербург баъди 23 дақиқа дар болои нимҷазираи Синой ба садама дучор гардида, дар натиҷа 224 нафар, аз ҷумла 217 мусофир ва 7 сарнишини ҳавопаймо ҳалок шуданд, ки 17 нафарашон кӯдакон мебошанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста