Аз рӯи натиҷаҳои машқҳои бузургмиқёси низомии «Ҳифз-2015», ки имрӯз дар қаламрави Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ ба итмом мерасанд, Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ иштирокчиёни фаъоли онро қадрдонӣ хоҳад кард. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод.
Ёдрас мекунем, ки машқҳо аз ҷониби Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо иштироки беш аз 40 ҳазор нафар кормандони муассисаҳои давлатӣ, сохторҳои қудратӣ ва сарбозону афсарони эҳтиётии артиши миллӣ барпо мешаванд.
Ба қавли Маҳмадалиев, раҳбарияти Вазорати мудофиа ба иштирокчиёни фаъоли машқҳо медалу грамота ва туҳфаҳои арзишманд тақдим намуда, ба афсарони эҳтиётӣ рутбаҳои нави ҳарбӣ дода мешаванд.
Давраҳои омӯзишӣ ва машқҳо дар доираи иҷрои Фармони президенти Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тасдиқ ва амалисозии нақша оид ба ташкили мудофтраи қаламрав» гузаронида мешаванд.
Дар ин чорабиниҳо тарзу усулҳои ташкили мудофиаи қаламрав, даъват ва сафарбарии сарбозону афсарони эҳтиётии мудофиаи миллӣ ва ҳамчунин машқҳои фармондеҳӣ-тактикии фаврии зиддитеррористӣ мавриди омӯзиш ва иҷро қарор мегиранд.
Ба ин машқҳо баталйони тактикии воҳиди зудамали Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар водии Рашт, 10 адад авиатсияи ҳарбӣ ва 100 адад техникаи зиреҳпӯшу артиллерия сафарбар шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста