Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба баталйони ҳомии сулҳи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба маблағи умумии 1 млн. доллари ИМА 5 адад автомашинаҳои навъи J-8-и дорои қобилияти ҳаракат дар бероҳаро тақдим намуд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев хабар дод.
Зимни супурдани калиди автомашинаҳо ба фармондеҳи нерӯҳои зудамали Вазорати мудофиаи ҶТ генерал-майор Миралӣ Раҳматзода кордори муваққатии Вашингтон дар Душанбе Лесли Хейдн изҳор намудааст, ки шурӯъ аз соли 2009 барои муҷаҳҳаз гардонидани баталйони дар боло зикршуда тавассути харидории техникаву таҷҳизот, ИМА ҳудуди 6,5 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо кардааст.
Намояндагони сафорати ИМА дар Тоҷикистон ҳамчунин дар маросими оғози сохтмони тамрингоҳи муосир дар қаламрави баталйони ҳомиии сулҳи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон низ ширкат варзиданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста