Миёни афроди боздоштшуда дар Туркия, ки ба созмони террористии Daesh (Давлати исломӣ) пайвастанӣ буданд, ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон низ ҳузур доштаанд.
Хабаргузории Anadolu дар ин робита менависад, дар музофоати Адана дар ҷануби кишвар мақомоти пулиси Туркия 38 шаҳрванди хориҷиро барои нияти ҳамроҳшавӣ ба созмони террористии Daesh боздошт намудааст.
Афроди боздоштшуда шаҳрвандони 7 кишвари хориҷӣ будаанд: 14 нафар шаҳрванди Озарбойҷон, 7 нафар - шаҳрванди Индонезия, 5 нафарӣ - шаҳрвандони Ироқ ва Қирғизистон, 3 нафар - шаҳрванди Эрон ва 2 нафарӣ - шаҳрвандони Тоҷикистону Афғонистон.
Миёни боздоштшудагон 10 нафарашон занон ва 15 нафарашон кӯдакон будаанд. Ба гумони даст доштан дар кӯшиши ба қаламрави Сурияи таҳти назорати Давлати исломӣ қарордошта интиқол додани шаҳрвандони хориҷӣ 2 нафар ба ҳабс гирифта шудаанд.
Зимнан зикр мегардад, ки пас аз анҷоми расмиёти зурурӣ боздоштшудагон ҷиҳати истирдоди минбаъда ба ихтиёри хадамоти муҳоҷират супурда шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста