Сафорати ИМА дар ш. Душанбе дар ҳамкорӣ бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) давраи омӯзишӣ оид ба нобуд кардани моддаҳои таркандаро барои 32 мутахассисон аз минтақаи Осиёи Марказӣ оиди тоза кардан аз минаҳо, ки дар шаҳри Душанбе аз 26 октябр то 5 ноябр баргузор гардид, маблағгузорӣ карданд.
Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар ҶТ дар ин робита иттилоъ доданд, Давраи омӯзишии мазкур, ки охирин дар силсилаи ҳафт чорабинии марҳилавӣ мебошад, ба мубориза бо дастгоҳи таркандаи дастисохт ва тайёр намудани иштирокчиён ба сифати мураббиёни дорои шаҳодатнома оиди маҳви маводи тарканда тамаркуз шудааст.
Ба иттиллои манбаъ, дар ин давраи омӯзишӣ намояндагони Тоҷикистон, Афғонистон, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок карданд.
Иҷрокунандаи вазифаи муовини роҳбари Сафорати ИМА ҷаноби Майкл Мансини дар маросими хатми омӯзиш аз тарафи мутахассисони Тоҷикистону Афғонистон, ки 5 ноябр сурат гирифт, иқтидори ҳамкории минтақавиро, ки дар мисоли давраи омӯзишии мазкур дида шуд, ситоиш кард.
Ҳамчунин ӯ таъқид дошт, ки баланд бардоштани иқтидор ҷиҳати беҳавф тоза ва нобуд кардани минаҳо, бозмондаҳои таркандаи ҷанг ва моддаҳои таркандаи таҳлукаовар, барои амнияту суботи минтақавӣ судбахш хоҳад шуд. Сафорати ИМА дар ш. Душанбе аз соли 2013 инҷониб дар раванди ин талошҳо бо САҲА ҳамкорӣ менамояд.
Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида тарафдори идомаи кӯмаку дастгирии худ ба мардуми Тоҷикистон аст. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисоди Тоҷикистон маблағи беш аз 1 миллиард доллари ИМА ҷудо намудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста