Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мақолаи дар ҳафтаномаи «Азия-плюс», №85 (1068) аз 29.10.с.2015 таҳти сарлавҳаи «Қисса дар бораи сарбоз» (Баллада о Солдате) дарҷгардидаро мавриди баррасӣ қарор дода, иттило медиҳад, ки он асоси воқеӣ надорад.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти ВКД ҶТ, сарулибос, телефон ва дигар ашёи мутааллиқ ба марҳум Дмитрий Буриев аз сабабе, ки ба ҳалокат расидааст, тибқи тартиби муқарраргардида, барои муоина ва пешбурди парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби Прокуратураи ҳарбӣ дар пакети махсус гирифта мешавад.
Марҳум Дмитрий Буриев вақте, ки тайи се рӯз дар сардхона меистод, оиди гирифта, гӯрондани ӯ ягон нафар муроҷиат накардааст. Тамоми хароҷоти маросими гӯронидани Дмитрий Буриевро Вазорати корҳои дохилӣ ба зимма гирифта, бо иштироки роҳбарияти Вазорат, ҳайати шахсии мақомот ва дигар дӯстону рафиқонаш, марҳум пас аз маросими видоъ ва арҷгузорӣ, дафн карда шуд.
Бояд қайд кард, ки Дмитрий Буриев аз моҳи апрели соли ҷорӣ то замони марг дар утоқи кориаш, дар қароргоҳи ДТММ зиндагӣ мекард, ӯ бо ҳамсараш Рано Ахмедова зиндагии якҷоя надоштанд. Сару либос ва дигар ашёҳои лозимии Буриев Д. дар утоқи кориаш нигоҳ дошта мешуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста