Агентии федералии нақлиёти ҳавоии Русия (Росавиатсия) маҷмӯи тадбирҳои амниятӣ оид ба пешгирии амалҳои дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи ин кишварро таҳия мекунад. Ба ширкатҳои ҳавопаймоии ҳамлу нақли Русия тавсия дода шудааст, ки ба тадбирҳои амниятиашон зимни парвози ҳавопаймоҳо ба 47 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон тақвият бахшанд.
«Бо назардошту хавфу хатарҳои ҷойдошта аз ҷониби созмонҳои ифротгаро, Росавиатсия дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти федералии ҳокимияти иҷроия маҷмӯи тадбирҳои амниятиеро таҳия мекунад, ки ба пешгирии амалҳои дахолати ғайриқонунӣ ба фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи ин кишвар нигаронида шудаанд», - қайд мешавад дар иттилоияи матбуотии Росавиатсия.
Гуфта мешавад, дар шароити мавҷуда ширкатҳои ҳавопаймоӣ бояд ба роҳандозии фаъолияти иловагӣ дар робита ба андешидани маҷмӯи тадбирҳои иловагии ҳифзи мусофирон ва зербино омода бошанд.
Дар ҳамин ҳол, Росавиатсия зикр мекунад, ки тақвияти тадбирҳои амнияти муваққатӣ буда, вале қабули таъҷилӣ ва роҳандозии онҳо бояд ба амалҳои дахолати ғайриқонунӣ ба шаҳрвандони Русия дар фурудгоҳҳо ва дохили ҳавопаймоҳо дар муносибат бо онҳо монеъа эҷод намояд.
Хабаргузории «Интерфакс» дар ин робита менависад, роҳандозии тадбирҳои амниятии иловагӣ зимни парвоз ва бозгашт аз кишварҳои зерин тавсия дода шудааст: Австрия, Алҷазоир, Албания, Озарбойҷон, Афғонистон, Бангладеш, Булғористон, Британияи Кабир, Олмон, Юнон, Миср, Индонезия, Испания, Италия, Ҳиндустон, Ироқ, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Кипр, Кувайт, Либия, Лубнон, Марокаш, Малайзия, Македония, Молдова, Мянма, АМА, Покистон, Португалия, Руминия, Арабистони Саудӣ, Сурия, ИМА, Судон, Таиланд, Тоҷикистон, Туркманистон, Туркия, Тунис, Фаронса, Филиппин, Черногория, Уганда, Ӯзбекистон ва Шри-Ланка.
Зимнан зикр мегардад, ки ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ ҳамчунин тавсия дода шудааст, ки парвозҳоро бо захираи зарурии маводи ғизойӣ ва оби нӯшокӣ дар дохили ҳавопаймо анҷом диҳанд.
Қобили зикр аст, ки Хадамоти федералии амнияти Русия сабаби суқути ҳавопаймои А321 дар Мисрро, ки бар асари он 224 нафар ба ҳалокат расиданд, амали террористӣ унвон кард, зеро дар пораҳои афтодаи ҳавопаймо осори маводи таркандаи истеҳсоли хориҷӣ дарёфт шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста