Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия дар метрои шаҳри Маскав як шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт намуда, зимни азназаргузаронии ӯ дар дастон, борхалта ва сарулибосаш изҳои маводи таркандаро пайдо кардаанд.
Бино ба иттилои нашрияи «Взгляд» , сокини 20-солаи Тоҷикистон Фаррух Д. рӯзи сешанбе барои азназаргузаронии ҳуҷҷатҳо боздошт шуда, санҷиш бо ёрии дастгоҳи «М-ИОН» маводи нитроглитсеринро дар дастон, борхалта ва сарулибосаш ошкор намудааст.
Дар ҳамин ҳол, ду рӯз қабл дар истгоҳи «Теплый стан»-и хатти ҳаракати Калуга-Рига сокини 28-солаи Ӯзбекистон Сутон С. дар истгоҳ ба зону нишаста, бо овози паст зери лаб чизе хондааст, ки ин амал таваҷҷуҳи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҷалб кардааст. Дар ин бора нашрияи «Известия» бо истинод ба хабаргузории LifeNews иттилоъ додааст.
Ин мардро барои санҷиши ҳуҷҷатҳо ба шуъбаи пулис оварда, хадамоти амнияти метро ӯро бо дастгоҳи «М-ИОН» муоина кардаанд. Дастгоҳи муайянкунандаи мавҷудияти буғҳои маводи тарканда дар дастон ва сарулибоси мард мавҷуд будани гексоген ва тротилро нишон додааст. Аз куҷо пайдо шудани ин маводро мард саҳеҳан шарҳ дода натавониста, иброз доштааст, ки дар сохтмонҳои гуногун кор мекунад ва шояд ҳангоми корҳое, ки гоҳ-гоҳ аз онҳо пул кор мекунад, қисматҳое аз ин маводҳо ба ӯ «олуда шуда бошанд»
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далелҳо санҷиши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷараён дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста