Полки 149-уми моторонидашудаи тирандозии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон аз вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе ва гирду атрофи пойтахт ба машқгоҳи Лоҳур кӯчонида мешавад.
Ярослав Рошупкин, ёвари фаромндеҳи артиши Ҳавзаи марказии ҳарбӣ дар ин робита гуфтааст, пас аз кӯчонида шудани полк шумораи ҳайати шахсӣ ва вазифаҳои он тағйир намеёбанд.
Аз се иншооти низомии Русия дар минтақаҳои Тоҷикистон ду иншоот - полки моторонидашудаи Қӯрғонтеппа ва маркази оптикию электронии «Окно» - и Қӯшунҳои кайҳонӣ боқӣ мемонанд.
«Кӯчонида шудани полк бо Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мувофиқа шуда, тибқи нақша сурат мегирад. Ҳадаф аз он баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ ва тақвияти имконоти нерӯи ҷангии ин воҳиди ҳарбӣ аст. Шаҳраки низомӣ дар шаҳри Кӯлоб ба ихтиёри мақомоти ҳокимияти Тоҷикистон супурда мешавад», - хабар додааст Ярослав Рошупкин.
Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон иншооти бузургтарини ҳарбӣ дар хориҷи ин кишвар мебошад. Давоми соли 2015 мушовирони Русия барои артиши Тоҷикистон беш аз 1 ҳазор нафар мутахассисон омода намуданд.
Моҳи сентябр ба имконоти пойгоҳ бо гурӯҳи чархболҳои Ми-8 ва Ми-24 мустақар дар фурудгоҳи низомии «Айнӣ», дар 30 километрии Душанбе тақвият бахшида шуд. Созишномае, ки моҳи октябри соли 2012 ба имзо расид, ба ҳузури ин пойгоҳ дар Тоҷикистон ҳадди ақал то соли 2042 имкон медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста