Полки 149-уми тирандози моторонидашудаи пойгоҳи 201-уми Русия дар Кӯлоб то нимаи моҳи декабри соли ҷорӣ бояд комилан аз қаламрави ин шаҳр бароварда шавад. Низомиёни рус аз Кӯлоб ба Лоҳур мераванд.
Коршиносони тоҷик бар ин назаранд, ки Кӯлобро бидуни низомиёни рус гузоштан ба андозае тасмими бемаънӣ аст, ки ин иқдом гумонҳои хеле аз ҳақиқат дурро ба бор меоварад.
«Аз Кӯлоб то марзи Тоҷикистону Афғонистон 42 км, аз Лоҳур ҳудуди 300 км ва аз Қӯрғонтеппа наздики 200 км масофа аст, - мегӯяд собиқ сармушовири президенти Тоҷикистон оид ба масоили мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ Зафар Икромов. - Нерӯҳои қисми ҳарбӣ дар Кӯлоб ба сифати қувваҳои захиравӣ барои марзбонон дар ноҳияи Маскав (феълан Ҳамадонӣ) ва қисми ҳарбӣ дар Қӯрғонтеппа барои марзбонон дар Панҷ пешбинӣ шудаанд. Яъне дар Кӯлобу Қурғонтеппа нерӯҳои эҳтиётӣ барои марзбонон ҷойгир шудаанд. Қисмати марз дар ноҳияи Ҳамадонӣ мушкилтарин мавзеъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон аст. Ин минтақаи кӯҳистон буда, ҳатто на ҳар марзбони шӯравӣ низ ба қадри зарурӣ аз уҳдаи ҳифзи он баромада наметавонист».
З.Икромов ба ёд меорад, ки бар асари мавзеи мушкили ин қисмат аз нигоҳи ҷуғрофӣ ва ҳатто замони марзи Иттиҳоди Шӯравии бузург будани он, афғонҳо қаламрави шӯравиро ғайриқонунӣ убур карда, писта ҷамъоварӣ мекарданд, чорвояшонро мечарониданд ва тилло дарёфт мекарданд, ки ин ҳузурҳои ғайриқонуниро на ҳамеша пешгирӣ кардан имкон дошт.
«Ба андешаи ман, иштибоҳи аввал хурӯҷи марзбонони рус аз сарҳадҳои мо буд, - мегӯяд ӯ. - Чунки бо сабабҳои воқеъӣ нерӯҳои марзбонии тоҷик айни замон дар ҳоли ташаккул қарор доранд. Маҳрум кардани ҳифзи марз бо таҳкими он дар шакли полки 149-ум, яъне роҳ додан ба иштибоҳи дуюм аст».
Маълумоти муфассал оид ба дигар сабабҳои хурӯҷи полки 149-ум аз Кӯлоб ва хатари он ба Тоҷикистонро аз маводи шумораи навбатии имрӯзаи газетаи «Азия-Плюс» дарёфт карда метавонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста