Дар Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти ҶТ вохӯрии директори Агентӣ Рустам Назарзода бо сармушовир оид ба масъалаҳои сиёсӣ, сардори гурӯҳ оид ба масъалаҳои Осиёи Марказӣ ва Халиҷи форси Департаменти сиёсии СММ Виктор Поляков ва мушовир оид ба корҳои сулҳ ва рушди Дафтари Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон Олег Просик баргузор гардид.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентӣ, Рустам Назарзода ба меҳмонон дар бораи вазъи кунунии вобаста ба маводи нашъаовар дар Тоҷикистон ва ҳамчунин Афғонистон маълумот дода, В.Поляков ба вазъ дар вилоятҳои шимолии Афғонистон ва фаъол гаштани гурӯҳҳои алоҳидаи террористӣ мароқ зоҳир намуд.
Гуфта мешавад, ғайр аз ин, директори Агентӣ меҳмононро бо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ бо мақомоти ваколатдори Афғонистон дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, инчунин чораҳои андешидашуда аз тарафи ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи назорати маводи нашъаовар, фаъолияти Агентӣ, комёбиҳо ва дурнамои рушд батафсил шинос кард.
Зимнан зикр мегардад, ки дар анҷоми вохӯрӣ меҳмонон аз анбори нигоҳдории маводи нашъаовар, тавқифгоҳ ва оташдони махсус барои сӯзондани маводи нашъаовар боздид карданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста