Чор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон нуқтаи гузаргоҳро сарфи назар намуда, кӯшиш кардаанд, ки дарёи наздимарзии Буги Ғарбӣ (Западный Буг)-ро убур намуда, ба Лаҳистон (Полша) гузаранд.
Бино ба иттилои Брестсити, рӯзи 29 ноябр баъди ба кор омадани маҷмааи огоҳкунӣ, дар назди соҳили дарё 2 ҷавон ва 2 духтар боздошт шудаанд, ки дар борхалтаашон чизҳои шахсӣ ва 400 доллари ИМА доштаанд.
Онҳо, ки аз 18 то 20 сол доштаанд, бо мақсади дарёфти шароити беҳтари зиндагӣ дар қаламрави Иттиҳоди Аврупо, ғайриқонунӣ марзи давлатиро убур карданӣ будаанд. Дар он ҷо онҳо ба кумаки хешону наздиконашон, ки дар Олмон иқомат доштаанд, умедвор будаанд.
«Акнун фирориёнро лозим аст, ки нақшаҳояшонро дар тавқифгоҳи муваққатии гурӯҳи марзбонон бозбинӣ кунанд, зеро барои амалҳои аз ҷониби онҳо содиршуда ҷазои маъмурӣ дар шакли истирдод ба муҳлати 5 сол пешбинӣ мешавад», - омадааст дар маълумоти хабаргузорӣ.
Гуфта мешавад, худи ҳамон рӯз 10 километр дуртар аз сарҳад, дар мавзеи маҳаллаи аҳолинишини Струст барои бидуни ҳуҷҷати дахлдор ҳузур доштан дар минтақаи наздимарзӣ марзбонон 3 шаҳрванди Гурҷистонро боздошт намудаанд. Як рӯз қабл барои сохтакорӣ дар маълумоти шиноснома шаҳрванди Ӯзбекистон низ боздошт шудааст.
Қобили зикр аст, ки дарёи Буги Ғарбӣ (Западный Буг) рӯдхонаест дар минтақаи Аврупои Шарқӣ, дар қаламрави Украина, Беларус ва Лаҳистон.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста