Сафорати ИМА дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Барномаи таъмини назорати воридот ва бехатарии сарҳад ба ҳукумати ҷумҳурӣ чор мошини роҳпаймо тақдим намуд.
Бино ба маълумоти сафорати ИМА дар ҶТ, мошинҳои мазкур барои вокуниш ба ҳодисаҳои қочоқи маводи ядроӣ истифода хоҳанд шуд. Ду мошин ба Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ ва дутои дигараш ба Хадамоти гумрук таъин шудааст. Мошинҳои мазкур имконияти вокуниши зудамалро дар ҳолати бонги хатари ядроӣ дар ҳар гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистон фароҳам овардааст.
Гуфта мешавад, барномаи таъмини назорати воридот ва бехатарии сарҳад барои баланд бардоштани иқтидори кишварҳои шарик ҷиҳати ошкору ҷилавгирӣ кардан ва тафтишу таъқиб намудани интиқоли ғайрқонунии силоҳи қатли ом, мавод барои истеҳсоли он ва яроқи муқаррарӣ кӯмак мерасонад.
Зимнан зикр мегардад, ки сафорати ИМА дастгириро ба ҳукумати Тоҷикистон тавассути шарикӣ бо агентиҳои ИМА ҷиҳати таъмини таҷҳизоти муосир, давраҳои омӯзишӣ ва такмили инфрасохтор идома хоҳад дод. Васоити нақлиёте, ки имрӯз аз ҷониби сафорати ИМА тақдим шуданд, иқтидори ҳукумати Тоҷикистонро баҳри таъмини амнияти сарҳадӣ хеле баланд хоҳад бардошт.
Қобили зикр аст, ки мошинҳои мазкур яке яз лоиҳаҳои сершумори кӯмакрасон мебошанд, ки сафорати ИМА дар Тоҷикистон аз номи мардуми Амрико татбиқ мекунад. Аз соли 1993 инҷониб мардуми Амрико зиёда аз 1 миллиард долларро ба барномаҳои гуногуни кӯмакрасон барои дастгирии рушди иқтисод, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва амнияти Тоҷикистон чудо намудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста