Сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, муовини аввали вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-майор Эмомалӣ Собирзода ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Кумитаи ҳарбии назди Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ(СААД) ба шаҳри Маскав рафт.
Бино ба иттилои котиби матбуотии Вазорати мудфоаи ҶТ полковник Фаридун Маҳмадалиев, ҷаласа таҳти раёсати раиси Кумитаи ҳарбӣ, сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Арманистон генерал-полковник Юрий Хачатуров доир гардида, дар кори он аъзои Кумитаи ҳарбии мазкур - сардорони Ситодҳои кулли Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва ҳамчунин Дабири кулли СААД Николай Бордюжа ва сардори Ситоди муттаҳидаи СААД генерал-полковник Анатолий Сидоров ширкат меварзанд.
Тибқи маълумоти хадамоти матбуоти СААД, дар ҷаласа баррасии як қатор масъалаҳо, аз ҷумла таҳдиду чолишҳо ба минтақаи таҳти масъулияти СААД қарордошта, тадбирҳои аввалиндараҷаи такмили Артиш (Нерӯҳои дастаҷамъона)-и Созмон ба иҷрои вазифаҳо оид ба таъинот ва таҳкими имконоти ҳарбии СААД, амалиёти Русия дар Сурия ва чораҳои андешида дар робита ба амалҳои душманонаи Туркия нисбати ҳавопаймои Нерӯҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия дар назар аст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста