Чархболи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон субҳи имрӯз дар ниҳояти кор ба водии Бартанги ВМКБ парвоз кард. Бар асари номусоидии обуҳаво пас аз заминларзаи харобиовари рӯзи 7 декабр , ки ба ин минтақа хисороти зиёд овард, муддати чанд рӯз роҳҳои заминиву ҳавоӣ ба ин водӣ баста буданд. Чархболи дуюм низ бо кумак барои осебдидагон дар майдони парвози фурудгоҳи Хоруғ қарор дорад.
Роҳбари шуъбаи робита бо ҷомеаи ҳукумати ВМКБ Нилуфар Асламшоева тариқи телефон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба воситаи чархболҳо ба сокини осебдида хаймаҳо барои зист ва маҳсулоти ғизойӣ фиристода мешавад. Сокинони бесарпаноҳмондаи водӣ тариқи чархбол ба маркази ноҳияи Рӯшон, ба биноҳои омодашудаи мактабу бемористон ва хонаҳо оварда мешаванд», - иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи номбурда, обуҳавошиносон имрӯз шароити мусоид барои парвоз ба Бартангро пешгӯӣ карда, парвози якчанд чархболҳо ба водӣ дар назар аст.
Чархболҳои Вазорати мудофиаи бо дастури президент барои кумак сафарбаршуда ба далели номусоидии обуҳаво аз маркази ноҳияи Рӯшон ба водии Бартанг парвоз карда наметавонистанд.
Ёдрас мекунем, ки дар маҷлиси ҳукумати ҷумҳурӣ зикр гардид, ки дар қаламрави вилояти Бадахшон бар асари заминлраза 237 хона пурра ва 588 хона қисман вайрон шудаанд. 214 хонаи пурра ва 205 хонаи қисман зарардида ба ноҳияи Рӯшон рост меояд. Ҳамчунин иншооти зиёди иҷтимоӣ, аз ҷумла мактабу китобхона ва дигар муассисаҳо қисман зарар дидаанд. Бошандагони ҳамаи 237 хонаи пурра харобшуда дар ҷойҳои зисти муваққатӣ ҷойгир ва бо маводи ғизоӣ, сарулибос ва дигар ашёи зарурӣ таъмин карда шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, корбарони фаъоли сегменти тоҷикии шабакаи иҷтимоии Фейсбук роҳу воситаҳои кумак ба осебдидагон аз заминларзаи харобиовари рӯзи 7 декабр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пешниҳод намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста