Зимни сафар ба ВилоятиМухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳайати гурӯҳ кории ҳукумат вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳмзода аҳли оилаи корманди фавтидаи мақомоти корҳои дохилӣ, лейтенанти милитсия Шогунбеков Илҳом Таслимбекович - нозири минтақавии милитсияи ШВКД дар ноҳияи Рӯшонро аёдат кард.
Бино ба итилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, вазир ба аҳли оилаи ӯ изҳори ҳамдардӣ баён намуда, миқдори муайяни пулӣ кӯмаки молӣ расонид.
Гуфта мешавад, тахминан соати 02:00-и шаби 8-уми декабри соли 2015, дар деҳаи Аҷирхмии ҷамоати деҳоти Бартанги ноҳияи Рушон, автомашинаи гуруҳи фаврӣ-тафтишотии ШВКД дар ноҳияи мазкур, ки бо мақсади муайян намудани зарар аз офати табии заминларза ва расонидани кӯмак ба мардум сафарбар гардида буд, зери сангреза монда, дар натиҷаи он лейтенанти милитсия Шогумбеков Илҳом Таслимбекович, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Рӯшон, оиладор соҳиби 2-фарзанд, бо бардоштани зарари вазнини ҷисмонӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расид.
Инчунин 4 нафар кормандони дигари ШВКД дар ноҳияи Рушон ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта буданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста