Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд пеши роҳи воридот ва паҳн гардидани маводҳои пиротехникиро ошкор ва пешгирӣ намуданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, зимни як амалиёт дар роҳи мошингарди самти Конибодом - Хуҷанд воситаи нақлиёти тамғаи «Опел-Зафира» таҳти идораи шаҳрванд Мансуров Зафар, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд барои муоинаи гумрукӣ боздошт ва аз бордони автомашина дар дохили 48 адад қуттиҳои калони картонӣ бо навиштаҷоти «Трения», «Чёрная смерт», ва «Цай ванн лэй» ба миқдори умумии 23 ҳазору 944 дона маводи тарфгарӣ дарёфт карда шудааст.
Гуфта мешавад, ин миқдор маводи тарфгарӣ ба шаҳрванд Усмонов Икромбек, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд тааллуқ дошта, онро аз як нафар шаҳрванди Қирғизистон дар ҳудуди деҳаи Аркаи ин кишвар ба ҷои қарзаш гирифта, дар шаҳри Хуҷанд фурӯхтанӣ будааст.
Ба иттилои манбаъ, мутобиқи ташхиси лабораторӣ маводҳои пиротехникии аз шаҳрванди номбурда гирифташуда аз моддаҳои таркандаи хатарнок (порох) сохта шуда, барои ҳаёт ва саломатии инсон хеле хатарнок ва зараровар мебошанд.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд Усмонов Икромбек парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 199 пр-1 қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи вилояти Суғд фиристода шудааст.




"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Нархи парасторӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Аз Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Кароматуллоҳи Мирзо то “Зорро” ва Шариф Назаров. Дар соли 2025 миллати тоҷик киҳоро аз даст дод?
Русия мегӯяд, дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 54 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста