Дар доираи сафари корӣ ба ВМКБ вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода имрӯз, 15 декабр ҷаласа оператвӣ доир намуда, дар он масоили пешгирии содир гардидани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ба тартиб даровардани ва танзими ҳаракати нақлиёт дар шаҳри Хоруғ баррасӣ шуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, вазир аз риоя нашудани қоидаҳои маъмулии ҳаракат дар роҳ аз ҷониб ронандагон дар назди бозори шаҳри Хоруғ норозигӣ изҳор кард, ки ин ба тамбашавии воситаҳои нақлиёт оварда мерасонад ва аз масъулин қатъӣ талаб кард, ки барои ба низом даровардани воситаҳои роҳу нақлиёт тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар рафти ҷаласа бо фармони вазири корҳои дохилии ҶТ як қатор масъулин барои роҳ додан ба камбудиҳо ба ҷазои интизомӣ кашида шуданд. Аз он ҷумла, ба сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар ВМКБ полковники милитсия Искандарзода Абдулваҳоб ва муовинонаш «Огоҳӣ» дода шуда ва барои бартараф кардани камбудиҳо ба онҳо як моҳ мӯҳлат дода шуд.
Сардори БДА РВКД дар ВМКБ полковники милитсия Кенҷазода Тоҳир ва сардори ШБДА-и шаҳри Хоруғ майори милитсия Изатшои Шукурбек аз вазифа озод карда шуда, ба сардори Шӯъбачаи вилоятии бақайдгирии имтиҳонотии ШБДА РВКД дар ВМКБ подполковники милитсия Дарвешов Гайдар ва сардори шӯъбачаи назорати техникӣ «Танбеҳ» эълон карда шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста