Хадамоти матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбии Вазорати мудофиаи Русия хабар медиҳад, ки барои баланд бардоштани ҳолати омодабошии ҷангӣ полки 149-уми моторонидашудаи тирандозии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон аз шаҳри Кӯлоб ба Душанбе интиқол дода шуд.
«Кӯчонидани воҳиди низомӣ баҳри беҳбуди ҳолати омодабошии ҷангӣ ва тақвияти имконоти ҷангии воҳиди ҳарбӣ дар муҳлатҳои қаблан бо Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мувофиқашуда анҷом дода шуд», - қайд мешавад дар хабар.
Зикр мегардад, ки «пас аз кӯчонида шудани полк шумораи ҳайати шахсӣ ва вазифаҳои он ҳам дар давраи ҷангу ҳам дар замони осоишта тағйир намеёбанд».
Гуфта мешавад, қабл аз кӯчонидани полки 149-уми моторонидашудаи тирандозии Кӯлоб ба Душанбе иншооти ғайриманқули шаҳраки ҳарбӣ ба ихтиёри мақомоти ҳокимияти давлатии Тоҷикистон супурда шуданд.
«Мактаби таҳсилоти умумии №7, мансуб ба Вазорати мудофиаи Русия, ки барномаи таълимиаш бо забони русӣ роҳандозӣ гардида буд, бо дархостҳои сершумори аҳолии маҳаллӣ ба фаъолияти худ дар Кӯлоб идома медиҳад», - омадааст дар хабар.
Ба иттилои манбаъ, воҳидҳои низомии полк «бо техникаи худ 250 километр раҳпаймоӣ намуда, дар қаламрави шаҳраки ҳарбӣ дар пойтахти ҷумҳурӣ мустақар ва дар машқгоҳи Лоҳур ба машғулиятҳои омодабошии ҷангӣ пардохтанд».
Ёдрас мекунем, ки моҳи ноябри соли равон Ҳавзаи марказии ҳарбии Вазорати мудофиаи Русия иттилоъ дода буд, ки полки 149-уми моторонидашудаи тирандозии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон аз вилояти Хатлон ба шаҳри Душанбе ва гирду атрофи пойтахт ба машқгоҳи Лоҳур (25 километрии ҷануби шаҳри Душанбе) кӯчонида мешавад.
Пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон иншооти бузургтарини ҳарбии ин мамлакат дар хориҷ аз кишвар мебошад. Давоми соли 2015 мушовирони Русия барои артиши Тоҷикистон беш аз 1 ҳазор нафар мутахассисон омода намуданд.
Моҳи сентябр ба имконоти пойгоҳ бо гурӯҳи чархболҳои Ми-8 ва Ми-24 мустақар дар фурудгоҳи низомии «Айнӣ», дар 30 километрии Душанбе тақвият бахшида шуд. Созишномае, ки моҳи октябри соли 2012 ба имзо расид, ба ҳузури ин пойгоҳ дар Тоҷикистон ҳадди ақал то соли 2042 имкон медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста