Прокуратураи генералии Тоҷикистон тирамоҳи соли ҷорӣ аз ширкати мобилии Tcell пешниҳоди дастгоҳи назорати мухобиротиро дархост намудааст. Дар ин бора дар хабари рӯзи сешанбе нашршуда дар сомонаи расмии ширкати TeliaSonera-и Шветсия ва Финландия маълумот дода мешавад.
Дар хабар қайд мешавад, ки ин дархости худро мақомоти Тоҷикистон ба дастгирии техникии сохторҳои давлатии машғул ба тафтиши рӯйдодҳои ошӯби мусаллаҳона ва ҳамчунин таҳқиқи ҷиноятҳои махсусан вазнин, ки аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон дар сафҳои созмонҳои байнулмилалии террористӣ дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ содир шудаанд, нисбат додаанд.
Прокуратураи генералӣ дар навбати худ уҳдадор шудааст, ки ба фаъолияти тиҷоратӣ ва хоҷагидории ширкати Tcell монеъа эҷод намесозад.
Дар маълумот таъкид мешавад, ки Tcell чунин дархостҳоро танҳо дар ҳолате қонеъ менамояд, ки агар итминон ҳосил кунад, ки дастгоҳ фақат барои назорат аз болои фаъолияти ғайриқонунӣ мутобиқи қонунгузории маҳаллӣ истифода мешавад.
TeliaSonera ҳамчунин иттилоъ медиҳад, ки ба шаффофу ошкор хабар додан дар бораи ба ин монанд дархостҳои ғайримаъмулии мақомоти давлатӣ уҳдадор шудааст. «Мо ба сиёсат дахолат накарда, зимни муаррифии ширкат изҳороти сиёсӣ баён намекунем», - зикр мегардад дар маълумот.
Дар хотима гуфта мешавад, ба ҳар ҳол TeliaSonera бо ҳукуматдорон, ки ба тиҷорати ширкат дар кишварҳо таъсиргузоранду дар он ҷо манфиатҳои худро дорад, дар муколамаву гуфтушунид мебошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста