Шаҳрванди Тоҷикистон, ки худро узви «Давлати исломӣ» муаррифӣ намуда, дар бораи минагузорӣ дар маркази савдои шаҳри Самараи Русия хабар дода буд, ба гуноҳаш иқрор шудааст. Ба посух ба саволи бо кадом мақсад ба ин амал даст заданаш мушкилӣ кашидааст.
Хабаргузории РИА Новости дар ин робита менависад, ин мард сокини 23-солаи Тоҷикистон буда, боздошт ва дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ қарор доштаааст.
Ӯро кормандони Хадамоти федералии амният дар минтақа дастгир кардаанд. Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда иқрор шудааст, ки ба мақомоти пулис доир ба минагузорӣ шудани маркази савдои «Космопорт» хабар додааст. Ӯ худро узви «Давлати исломӣ» муаррифӣ намуда, ба мақомоти пулис изҳор доштааст, ки маркази савдо метаркад ва онҳоро бо Соли нав табрик карда, сипас ба маркази савдо баргаштааст ва ҳангоми аз бинои марказ берун бурдани ҳозирин ҳамроҳи онҳо биноро тарк кардааст.
Айни замон кормандони Раёсати Хадамоти федералии амният даст доштани ӯ дар содир намудани дигар ҷиноятҳоро месанҷанд. Зиёни моддии расида ба марказ аз ин амал муайян карда мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста