Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки тибқи маълумоти пешакӣ, дар ҳодисаи таркиш дар майдони Султонаҳмади маркази шаҳри Истамбул миёни осебдидагон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоранд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз департаменти иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии ВКХ Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ доданд, консулгарии Тоҷикистон дар Истамбул вазъ атрофи ин ҳодисаро пайгирӣ мекунад.
«Мо бо консулгарии Тоҷикистон дар Истамбул мудом дар тамосем ва тибқи маълумоти пешакӣ, миёни осебдидагон шаҳрвандони мо нестанд. Дар навбати худ консулгарӣ бо шаҳрвандони Тоҷикистон робита барқарор намуда, дар сурати зарурат ба онҳо кумаки лозима хоҳад расонид», - гуфтанд дар ВКХ Тоҷикистон.
Ёдрас мекунем, ки нимаи рӯзи 12 январ дар майдони Султонаҳмади маркази шаҳри Истамбули Туркия таркиш рух дода, бар асари он 10 нафар ҳалок, аз ҷумла сайёҳон аз Олмон ва боз 15 тани дигар захм бардоштанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста