Гурӯҳи исломгароёнаи тахрибкорони сомонаҳо (хакерҳо)-и «Tunusian Fallaga-Team» сомонаи расмии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистонро тахриб намуданд. Онҳо бо даъват аз Русия ҷиҳати хотима бахшидан ба дастгирии президенти Сурия Башор Асад дар он маълумот интишор кардаанд. Дар ин бора CA-NEWS хабар медиҳад.
Хабаргузорӣ менависад, зимни кушодани сомона бо суроғаи www.maorif.tj аз номи «Tunusian Fallaga-Team» ба унвони Русия ва кишварҳои ҷонибдори «сохти ҷиноятпешаи Башар» маълумот пайдо мешавад. Тахрибкорон ҳамчунин аз низомиёни рус даъват мекунанд, ки ба «хароб намудани оилаву манзилҳо, мактабу бемористон» ва «қатли мусалмонон дар Сурия ва Чечченистон» хотима бахшанд.
Эҳсон Хушвахт, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки воқеъан ҳам шаби 13 январ сомонаи вазорат мавриди ҳамла қарор гирифт. «Мо бори нахуст ба ин ҳолат дучор мешавем. Айни замон кормандони техникии Вазорат рӯйи рафъи ин мушкилӣ машғули коранд ва ояндаи наздик фаъолияти сомона барқарор мешавад», - гуфт ӯ.
Пас аз интишори маълумот дар бораи ҳамла ба сомона саҳифа бо даъвати хакерҳо дигар пайдо нашуда, саҳифа иштибоҳро нишон медиҳад.
Тибқи баъзе маълумот, тахрибкорони сомонаи Вазорат ба гурӯҳи ифротгарои «Ҷундуллоҳ» мансубанд, ки фаъолияташ дар қаламрави Тоҷикистон манъ карда шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста