Сомонаи расмии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон пас аз тахрибкорӣ аз ҷониби ифротгароён барқарор карда шуд.
Эҳсон Хушвахт, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки фаъолияти сомонаи www.maorif.tj бо кумак ва дар ҳамкорӣ бо ширкати мобилии «Вавилон» дубора барқарор ва ба акнун ба таври маъмулӣ фаъолият мекунад. Дар бораи тафсилоти ин қазия Вазорат баъдтар маълумот хоҳад дод.
Ёдрас мекунем, ки субҳи 14 январ гурӯҳи исломгароёнаи тахрибкорони сомонаҳо (хакерҳо)-и «Tunusian Fallaga-Team» сомонаи расмии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистонро тахриб намуданд . Онҳо бо даъват аз Русия ҷиҳати хотима бахшидан ба дастгирии президенти Сурия Башор Асад дар он маълумот интишор карда буданд.
Зимни кушодани сомона бо суроғаи www.maorif.tj аз номи «Tunusian Fallaga-Team» ба унвони Русия ва кишварҳои ҷонибдори «сохти ҷиноятпешаи Башар» маълумот пайдо мешуд. Тахрибкорон ҳамчунин аз низомиёни рус даъват карда буданд, ки ба «хароб намудани оилаву манзилҳо, мактабу бемористон» ва «қатли мусалмонон дар Сурия ва Чечченистон» хотима бахшанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста