Раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён имрӯз ба журналистон изҳор намуд, ки исёни мусаллаҳонаи моҳи сентябри собиқ муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ генерал-майор Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим) тӯли чандин солҳо омода гардида, ба маблағгузории он раҳбарияти Ҳизби ифротгарои фаъолияташ дар кишвар манъшудаи наҳзати исломии Тоҷикистон машғул буд.
«Мутаассифона, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар саривақт натавонистанд суиқасди ошӯбгаронро ошкор созанд, ки дар ин робита нисбат ба чанде аз мансабдорони воломақом хулосаҳои зарурӣ бароварда шуд», - қайд кард Шоҳиён.
Ӯ зикр кард, ки «ба туфайли мардонагиву қаҳрамонии кормандони сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ва аҳолии кишвар, нақшаҳои исён барбод дода шуданд».
Ба гуфтаи Шоҳиён, бо қарори Прокуратураи генералии Тоҷикистон, тафтиши парвандаҳои ҷиноӣ нисбати иштирокчиён ва созмондиҳандагони исёни мусаллаҳ бо тартиботи махфӣ гузаронида мешавад. «Чун дар ин парвандаҳо ба масоили амнияти миллӣ дахолат мешавад, онҳо бо тартиботи махфӣ баррасӣ мешаванд», - гуфт ӯ.
Раиси Суди олӣ таъкид дошт, ки дар ин парвандаҳо айбдоршавандагон хеле зиёданд, вале дар ҳамин ҳол, аз ифшои шумори саҳеҳи гумонбаршудагон дар парвандаи ошӯби мусаллаҳоннаи Ҳоҷӣ Ҳалим худдорӣ кард.
«То имрӯз ҳеҷ яке аз парвандаҳои марбут ба исёни мусаллаҳонаи Ҳоҷӣ Ҳалим барои баррасӣ ба ихтиёри Суди олии Тоҷикистон супурда нашудааст», - афзуд Шоҳиён.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста