Сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, муовини аввали вазири мудофиаи кишвар генерал-майор Эмомалӣ Собирзода ҳамроҳ бо сафири Чин дар Тоҷикистон Юе Бин ва намояндагони Қувваҳои Мусаллаҳи Чин бо ҷараёни анҷоми сохтмони Хонаи афсарон дар Душанбе, ки бо воситаҳои Чин бунёд мешавад, шинос шуданд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод.
«Сохтмони бинои панҷошёнаи Хонаи афсарон дар маркази пойтахт қариб пурра ба итмом расида, айни замон ба он аз Чин мебел, қандил (люстра), кондитсионер ва қолинҳо оварда мешаванд», - иброз дошт ӯ.
Зимнан зикр гардид, ки бинои Хонаи афсарони Тоҷикистон ояндаи наздик мавриди истифода қарор мегирад.
Хотиррасон шуд, ки сохтмони Бинои афсарон барои артиши Тоҷикистон моҳи июни соли 2012 оғоз гардида , барои сохтмон ва таъмини он бо тамоми таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ Чин ба сифати грант 100 млн. юан (15 млн. $) ҷудо карда буд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста