Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода имрӯз ба журналистон изҳор дошт, ки собиқ фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси милиса (ОМОН)-и ВКД Тоҷикистон Гулмурод Ҳалимов, ки аввали моҳи майи соли гузашта ба созмони террористии Давлати исломӣ пайваста, дар ҷангҳо алайҳи артиши ҳукумати Сурия ду маротиба захмӣ шудааст, айни змон дигар ба хоҷагони худ аз Давлати исломӣ нолозим шудааст.
Вазир таъкид дошт, ки феълан ҷиҳати боздошту ба Тоҷикистон овардани Ҳалимов ва ҳамчунин ба маҳкама кашидани ӯ мутобиқи қонун ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ дода мешавад. «Тибқи маълумоти мавҷуда, имрӯз Давлати исломӣ ба Ҳалимов моҳона 100 доллари ИМа кумакпулӣ медиҳад», - иброз дошт ӯ.
Вазири корҳои дохилии ҶТ зикр кард, ки тибқи маълумоти ахир, имрӯз 992 нафар тоҷикистониён дар ҷангҳои Сурия ва Ироқ ҳузур доранд. «Аз шумори ҷангандагон дар сафҳои Давлати исломӣ 156 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон боздошт, 61 нафар ихтиёрӣ аз Ироқ ва Сурия баргаштанд ва 147 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои Давлати исломӣ дар ғарибӣ ҳалок шуданд», - қайд кард номбурда.
Рамазон Раҳимзода ба журналистон ҳамчунин иттилоъ дод, ки амири «Ҷамоати Ансоруллоҳ» аз Тоҷикистон Амриддин Табаров ахири тобистони соли гузашта ҳангоми ҷангҳо дар Афғонистон кушта шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста